Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди AI аз Боку барои ҳукми фаъолони ҳаракати НИДО


Созмони Amnesty International (AI) ё Афви байнулмилал дар ҳоле аз мақомоти Озарбойҷон барои нақзи ҳуқуқи башар интиқод кард, ки Боку барои бар дӯш гирифтани раёсати шашмоҳаи Кобинаи вазирони Шӯрои Аврупо омодагӣ мегирад. Раёсати Озарбойҷон дар ин ниҳоди аврупоӣ аз рӯзи 14 май шурӯъ хоҳад шуд.

Дар изҳороти Денис Кривошеев, муовини раиси Барномаи Аврупо ва Осиёи Миёнаи Amnesty International, рӯзи чоршанбе, 7 май, ҳукми додгоҳи Боку дар баробари ҳашт тан аз фаъолони ҳаракати ҷавонон НИДО - “таҳқир барои ҳуқуқи башар ва баёнгари муддати тулонӣ аз сӯи Озарбойҷон риоя нагаштани озодиҳои асосӣ” арзёбӣ шудааст.

Фаъолони НИДО рӯзи 6 май,бо иттиҳоми авбошӣ, нигаҳ доштани маводи мухаддиру тарканда ва ташкили бенизомиҳои оммавӣ ба мӯҳлатҳои аз шаш то ҳаштсолӣ маҳкум ба зиндон шуданд. Онҳо моҳи марти соли гузашта ҳангоми намоиши эътирозӣ алайҳи талафоти ғайринизомӣ дар артиши Озарбойҷон боздошт шуда буданд. Он вақт намоиши эътирозӣ ба думболи марги сарбоз Ҷайҳун Қубодов шурӯъ шуда буд – ба иттилои расмӣ, сарбоз ба асари маризии қалб аз дунё даргузаштааст ва аммо волидайн гуфтанд, ки дар бадани ӯ изи латукӯби шадид боқӣ монда буд.

Маҳкумшудагон баъд аз эълони ҳукми додгоҳи Боку изҳор намуданд, ки он ангезаи сиёсӣ дорад. Аз ин пештар Amnesty International ҳамаи ҳашт фаъоли НИДО-ро “маҳбуси сиёсӣ” эътироф карда буд.

Пас аз эълони ҳукм ҷонибдорони ҳаракати НИДО дар канори бинои додгоҳ намоиши эътирозӣ баргузор карданд. Ин намоиш аз сӯи кормандони полис пароканда карда, дасти кам 26 нафар, аз ҷумла, як хабарнигор, боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG