Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи чоршанбе, 7-уми май зимни тасдиқи ин хабар ба "Озодӣ" гуфт, ки санаи 26-уми апрели соли 2014, дар канори роҳи мошингарди Чорбоғ-Чағатайи ноҳияи Варзоб, дар даромадгоҳи деҳаи Чағатайи ҳамин ноҳия ҷасади шаҳрванд Сорбон Раҳмонови 28-сола сокини ҷамоати Чорбоғ бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо шуда буд.
Ба гуфтаи манбаъ, "ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Раҷаббек Каримови 20-сола соҳибкор, истиқоматкунандаи деҳаи Чағатайи ноҳияи Варзоб, бо шаҳрванд Сорбон Раҳмонов дар натиҷаи муноқишаи бамиёномада (бо сабабе, ки Каримов Р. бо автомашинааш оби лойро ба бадани Раҳмонов С. пош медиҳад), Раҷаббек Каримов бо корди дар дасташ буда ба бадани Сорбон Раҳмонов якчанд маротиба задааст, ки дар натиҷа охирон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст."
Ҳамчунин ҷаноби Садриддинов афзуд, ки тибқи маълумотномаи Маркази ҷумҳуриявии ташхиси суддӣ-тиббӣ аз 28-уми апрели соли 2014, сабаби марги Сорбон Раҳмонов захмҳои халандаву бурандаи воридшавандаи қафаси сина ва гардан бо ҷароҳатёбии шараёнҳои гардан, шушҳо ва хунравии шадиди беруна будааст.
Ба ин далел, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштор Раҷаббек Каримов дастгир гардида, нисбати ӯ ҳабси пешакӣ иҷро карда шудааст. Ба таъкиди Ҷалолиддин Садриддинов, нисбати ин ҳодиса тибқи моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Боздошти Раҷаббек Каримов ба унвони гумонбар дар қатли Сорбон Раҳмонов дар ҳолест, ки қаблан шоҳидони ин ҳодиса ба радиои "Имрӯз" гуфта буданд, ки дар куштори ин ҷавони 28 сола чор нафар аз ҳамдеҳагонашон даст доранд ва ҳатто Сорбонро бо "семблок" ба сараш зада ва ба таври ваҳшиёна куштаанд.