Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Украина нерӯҳояшро аз шарқу ҷануб берун кунад


Дастфишории вазирони умури хориҷии Русия ва Украина дар Вена
Дастфишории вазирони умури хориҷии Русия ва Украина дар Вена
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, тасмими Киев барои баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ҳоли идомаи амалиёти низомӣ дар шарқи Украинаро “ғайримуқаррарӣ” номид. Ӯ рӯзи сешанбе, 6 май, дар нишасти хабарӣ дар Вена гуфт, "Украина ба ҳар ҳол Афғонистон нест, ки бо вуҷуди идомаи ҷанг интихоботи президентӣ доир шавад".

Сергей Лавров афзуд, Русия натиҷаҳои интихоботро дар ҳоле хоҳад пазируфт, ки он дар вазъи орӣ аз хушунат баргузор шавад.Гоми нахустин дар ин роҳ, ба гуфтаи ӯ, фармон дар бораи қатъи истифодаи артиши Украина ва Горди миллӣ дар саркӯбсозии эътирозҳо ва берун кашидани онҳо аз шарқи кишвар бошад.

Вазири умури хориҷии Русия гуфт, "имрӯз на ба қонунисозии ҳукумат дар Киев ва чун ҷудоихоҳу террорист ҷилва додани эътирозгарон дар ҷанубу шарқ, балки барои сари мизи музокирот шинондани ҳама укроиниҳо талош бояд кард"

Интихоботи раёсатҷумҳурии Украина рӯзи 25 май баргузор хоҳад шуд.

Сергей Лавров дар Вена дар нишасти Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупо ширкат мекунад, ки дар он авзоъ дар Украина баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG