Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Оби Борик ҷустуҷӯи ҷасадҳо идома меёбад


Дар минтақаи офатзадаи Бадахшони Афғонистон рӯзи сешанбе, 6 май, берун кашидани ҷасадҳо аз зери хоку гил аз сар гирифта шуд.

Лағжиши теппа болои рустои Оби Борик рӯзи ҷумъаи гузашта ба вуқӯъ пайваст ва бар асари он садҳо манзил комилан зери хоку сангу гил монданд. Амалиёти наҷотбахшӣ рӯзи якшанбе бар асари мушкилоти зиёд ва зери қабати бузурги гил мондани қурбониён қатъ карда шуда буд ва аммо сокинони маҳаллӣ, ки пайвандонашон бе ному нишонанд, аз ҳукумат хостори идомаи корҳо шуданд.

Теъдоди дақиқи қурбониёни фоҷиа маълум нест ва аз 500 то 2700 нафар гуфта мешавад. Тақрибан 700 хонаводае, ки аз ин офат осеб дидаанд, чанд шабро зери осмон рӯз мекунанд.
XS
SM
MD
LG