Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон аз хурӯҷи полиомиелит ҷилавгирӣ мекунад


Мақомоти Покистон мегӯянд, ки баъд аз ҳушдори Созмони ҷаҳонии беҳдошт онҳо тасмим гирифтанд то дар бандару фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзӣ марказҳои эмгузаронӣ аз маризии полиомиелитро ташкил кунанд. Вазорати ҳифзи сиҳати кишвар рӯзи сешанбе, 6 май, хабар дод, эмгузаронӣ барои ҳама афроде, ки ба кишвар ворид ё аз он хориҷ мешаванд, хатмӣ хоҳад буд.

Аз ин пеш Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом дошт, аз 74 ҳодисаи мубталоӣ ба полиомиелит 59-тояш дар Покистон ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои ин созмон, хуруҷи маризӣ метавонад талошҳои 30-солаи табибон барои аз байн бурдани полиомиелитро ноком созад. Айни ҳол, ба гуфтаи мутахассисони Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ин маризӣ дар даҳ кишвари Осиё, Африқо ва Ховари Миёна хурӯҷ кардааст.
XS
SM
MD
LG