Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Ҳирот боиси марги ду корманди полис шуд


Бар асари таркиши мошин аз минаи сарироҳӣ дар вилояти Ҳироти Афғонистон дасти кам 2 корманди полис кушта ва чаҳор тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Раиси полиси вилоят Шероғо Аликозай хабар дод, ки ин ҳодиса рӯзи 6 май дар мавзеи Обӣ рӯй дод. Ба гуфтаи ӯ, полис нафареро, ки дар тарконидани мина гумонбар мешавад, боздошт кардааст.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст, аммо мақомоти Кобул ангушти иттиҳом сӯи мусаллаҳони “Толибон” карданд, ки пайваста ба нерӯҳои амниятии афғон ва сарбозони НАТО ҳамла мекунанд.
XS
SM
MD
LG