Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Турчинов волии Одессаро аз мақом барканор кард


Видоъ бо қурбониёни ҳаводиси Одесса
Видоъ бо қурбониёни ҳаводиси Одесса
Александр Турчинов, кафили раёсатҷумҳурӣ ва раиси парлумони Украина, рӯзи сешанбе, 6 май, дар бораи аз мақоми волии вилояти Одесса барканор кардани Владимир Немеровский амр содир намуд. Вакили парлумон ва раҳбари пешини ширкати бузурги нафтии “Укрнафта” Игор Палитса раҳбари нави вилояти Одесса таъин шуд. Расонаҳо менависанд, ки Палитса аз ҳамкорони волии вилояти Днепропетровск, сармоядор Игор Коломойский мебошад.

Бар асари бархӯрд миёни ҷонибдорони якпорчагии Украина ва ҷудоихоҳони рустабор дар Одесса рӯзи 2 май, ба иттилоъи расмӣ, 46 нафар кушта ва тақрибан 200 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Сокинони маҳаллӣ дар ин фоҷиа мақомоти вилоят, аз ҷумла, волӣ Немеровский ва раҳбарони раёсати умури дохилиро айбдор мекунанд.

Аз ин пеш нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк масъулияти фоҷиаро бар дӯши нерӯҳои амниятӣ вогузошта ва вазири умури дохилӣ Арсен Аваков ҳама раҳбарони милисаи Одессаро аз мақомашон барканор карда буд.
XS
SM
MD
LG