Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филипп Бридлав ба ҳамлаи Русия болои Украина бовар надорад


Фармондеҳи нерӯҳои муттаҳидаи НАТО дар Аврупо Филипп Бридлав изҳор намуд, ки аз нигоҳи ӯ, нерӯҳои дар марзҳои Украина мустақаршудаи Русия ба вилоятҳои шарқии Украина ворид нахоҳанд шуд.

Ба иттилои хабаргузории Reuters, генерали амрикоӣ дар як суханронӣ дар Оттава гуфт, ҳанӯз як ҳафта пеш мутмаин буд, ки Русия тавассути низомиёнаш манотиқи ҷанубу шарқи Украинаро тасарруф кунад ва ба ин васила равуои нақлиёти заминӣ бо нимҷазираи Қримро таъмин намояд. Аммо ӯ ба хулосае омадааст, ки Маскав барои расидан ба ҳадафҳояш аз дигар роҳҳо кор мегирад - аз бадномсозии ҳукумати Украина, ташдид бахшидан ба авзоъ дар кишвари ҳамсоя ва таҳияи шароит барои таҳкими нуфузи ҷудоихоҳон.

Генерал Бридлав ҳамчунин гуфт, ки муқаррар кардани ширкати нерӯҳои вижаи Русия дар нобудсозии чархболҳои украинӣ номумкин аст, ҳарчанд, ӯ мутмаин аст, ки ин нерӯҳо дар қаламрави Украина ҳузур доранд.

Ҳафтаи гузашта, бар пояи хабарҳо, дар наздикиҳои шаҳри Славянск се чархболи низомии украинӣ нобуд карда шуд.
XS
SM
MD
LG