Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аваков: Ҳаводиси Одессаро хориҷиҳо тафтиш мекунанд


Дар тафтиши ҳаводиси Одесса, ки бар асари он даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд, мутахассисони хориҷӣ ширкат доранд. Дар ин бора рӯзи сешанбе, 6 май, вазири умури дохилии Украина Арсен Аваков дар Facebook хабар дод. Ӯ афзудааст, ки натиҷаҳои тафтишот нашр хоҳанд шуд.

Бар пояи иттилои расмӣ, бар асари задухӯрдҳо дар Одесса рӯзи 2 май 46 нафар ба ҳалокат расидаанд. Расонаҳои Украина менависанд, ки 48 каси дигар то ҳол беному нишонанд. Шабакаи ТСН иттилоъ дод, ки дар сардхонаи бемористон тақрибан бист ҷасади ташхиснашуда боқӣ мондааст. Вазорати умури дохилӣ ва Хадамоти амнияти Украина аз ифшои ному насаби қурбониён сарпечӣ мекунанд ва ин иттилоъро “сирри тафтишот” мехонанд. Дар робита ба ин худи сокинони Одесса “рӯйхати мардуми”-и қурбониёни задухӯрдҳои рӯзи 2 майро тартиб медиҳанд. Дар нашрияи маҳаллии “Думская.net” ному насаби 36 нафар ошкор шудааст, ки бештари онҳо ҳангоми сӯхтор дар Хонаи Иттиҳодияҳои касаба ҷон бохтаанд.

Бархӯрд миёни ҷонибдорони якпорчагии Украина ва ҷудоихоҳони рустабор дар Одесса рӯзи 2 май ба вуқӯъ пайваст ва тавре нашрияҳо хабар доданд, кормандони милиса аз он ҷилавгирӣ накарданд. Нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк масъулияти фоҷиаро бар дӯши нерӯҳои амниятӣ вогузошт. Вазири умури дохилӣ ҳама раҳбарони милисаи Одессаро аз мақомашон барканор кард.
XS
SM
MD
LG