Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қозии додгоҳи Қазоқистонро зиндонӣ карданд


Як қозии додгоҳи Қазоқистон барои раҳоии соҳибкори Русия аз зиндон, ки куштори як нафарро фармоиш додааст, боздошт шуд. Додгоҳи яке аз ноҳияҳои Алмаато қозии додгоҳ хонум Куплаш Отемисоваро 5 май гунаҳгор донист ва вайро барои содир кардани ҳукми нодуруст 4,5 сол маҳкум ба зиндон кард.

Отемисова 56 сол дорад ва моҳи сентябр боздошт шуда буд. Вай ҳукми зиндони Александр Сутягинскро моҳи май тағир дод. Сутягинск 12 сол маҳкум ба зиндон шуда буд, аммо Отемисова вайро 6 сол шартан аз озодӣ маҳрум кард ва гуфт, ки фамоиши кушторе, ки Сутягинский додааст, иҷро нашудааст. Баъд аз он Сутягинский аз зиндон раҳо шуд ва ба Русия рафт.

Сутягинский соҳибкори шаҳри Омски Русия дар Қазоқистон фаъолият мекард ва бо шахсиятҳое мисли Нурсултон Назарбоев ва Владимир Путин руасои ҷамоҳири Қазоқистону Русия иртибот дошт.
XS
SM
MD
LG