Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти зиддитеррористӣ дар Хасавюрт


Нируҳои пулис ва амниятӣ мегӯянд, ки онҳо дар шаҳри Хасавюрти Доғистон хонаеро муҳосира кардаанд, ки гӯё дар он тундравҳо паноҳ бурдаанд. Вазорати дохилаи Доғистон гуфтааст, аз дохили ин хона касе ба сӯи пулис 5 май тир холӣ кардааст ва баъд аз ин хона муҳосира шудааст.

Субҳи 5 май афроди номаълум ба сӯи як афсари пулис тир андохтаанд ва вай бо ду захми ҷиддии тир ба бемористон интиқол дода шудааст. Пулис тахмин мезанад, ки мумкин аст аз дохили ҳамин хона ба сӯи корманди пулис тир андохтаанд.

Аз солҳо ба ин сӯ дар Доғистон тундравҳои исломӣ ва гурӯҳҳои ҷиноӣ паноҳ мебаранд ва аз тири онҳо дар ин муддат ҳазорон нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG