Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз бар зидди пайвастан ба Иттиҳодияи Гумрукӣ


Дар Бишкек ҳудуди 100 нафар фаъолон аз созмонҳои гуногуни ғайридавлатӣ бар зидди пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳодияи Гумрукӣ бо Русия, тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд.

Фаъолони Ҷунбиши Қирғизистон бар зидди Иттиҳодияи Гумрукӣ ҳизбҳои Эътилофи Демократӣ ва Ислоҳот 5 май дар майдони марказии Бишкек гирдиҳам омаданд ва изҳорот доданд, ки пайвастан ба Иттиҳодияи Гумрукӣ “истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодии Қирғизистонро маҳҳдуд мекунад”.

Аз сӯи дигар, Ҷоомарт Оторбаев-нахуствазири Қирғизистон ҳафтаи гузашта изҳор дошта буд, ки Харитаи роҳи пайвастани кишвараш ба Иттиҳодияи Гумрукӣ “амалан омода аст” ва ба зудӣ онро аъзои ин иттиҳодия, яъне Русияву Беларус ва Қазоқистон ба тасвиб хоҳанд расонд ва он дар порламони Қирғизистон низ баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG