Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии ҷонибдорони Русия аз боздошт дар Одеса


Даҳҳо нафар фаъолони ҷонибдори Русия 4 май дар шаҳри Одеса аз боздошти пулис раҳо шуданд. Гурӯҳи одамони ғазаболуд иборат аз 2 ҳазор нафар дафтари пулисро муҳосира карданд ва раҳоии боздоштшудагонро тақозо намуданд.

Гурӯҳи ҷонибдорони Русия дарвозаи пулисро боз ва шишаи тирезаҳои дафтари пулисро шикастанд. Вазорати корҳои дохилаи Украина 4 май дар эъломияе гуфт, ки 67 нафар фаъолони ҷонибдори Русия раҳо шудаанд. Вале маълум нест, ки дигарон ҳанӯз дар боздоштанд.

Фаъолони ҷонибдори Русия 2 май ҳангоми задухӯрд ва оташ задани як бино, ки дар он 40 нафар ба ҳалокат расиданд, боздошт шуда буданд.

Баъд аз ҷангҳои хиёбонӣ бисёре аз фаъолони ҷонибдори Русия дар ин бино паноҳ бурда буданд ва зоҳиран аз оташи бамҳои оташзо кушта шуданд.

4 май Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина аз Одеса боздид ва Русияро барои ташкили чунин нооромӣ муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG