Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 25 шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон


Бисту панҷ нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо қарорҳои додгоҳӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд. Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 5 май ба "Озодӣ" гуфт, дар натиҷаи гузаронидани амалиёт ва бо дарназардошти бурдани назорати доимӣ дар давоми фаъолияти се моҳаи кормандони Хадамоти муҳоҷират, барои вайрон кардани қоидаҳои будубош нисбати 59 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин миқдор 25 нафар бо қарорҳои судӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд. Хадамоти муҳоҷират аз тамоми шаҳрвандони хориҷӣ тақозо кардааст, ки қоидаҳои будубошро риоя намуда ва фаъолияти меҳнатии худро тибқи қонунгузории амалкунандаи кишвари мизбон ба роҳ монанд.
XS
SM
MD
LG