Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти кафили раёсати ҷумҳурии Украина


Олександр Турчинов
Олександр Турчинов
Олександр Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурии Украина мегӯяд, “Русия дар ҳолати ҷанг” бо кишвари вай қарор дорад ва ҳимояти маҳалливу идорӣ дар шарқи Украина барои Маскав “мушкили ҷиддӣ” ба шумор меравад.

Турчинов зимни суханони худ аз шабакаи 5 телевизиони Украина 4 май Маскавро муттаҳам кард, ки талош дорад дар шарқу ҷануби Украина “вазъро комилан ноором кунад”. Вай гуфт, барои ин кор Одеса яке аз ҳадафҳои аслии Русия ба шумор меравад.

Вале Турчинов гуфт, ки “ватанпарастон”-и Украина аз талошҳои “шӯрандозон ва ҷудоихоҳони маҳаллӣ” пешгирӣ карданд. Турчинов онҳоро муттаҳам кард, ки мехостанд Одесаро ба зону дароранд.

Турчинов ҳамчунин гуфт, “созмондиҳандагону шӯрандозон”-и беназмӣ дар Одеса “ аз мардуми зиёди дорои шиносномаи Русия ва одамоне аз минтақаи ҷудоихоҳи Приднестрови Молдова иборат буданд. Турчинов гуфт, ки дар шарқи Украина бисёре аз кормандони пулис “хайрхоҳи гурӯҳҳои ҷудоихоҳ” мебошанд.
XS
SM
MD
LG