Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Бердимуҳаммадов ва роҳбандӣ дар пойтахт


Субҳи имрӯз дар пайи роҳбандиҳо бинобар сафари раисиҷумҳури Туркманистон ба Душанбе, садҳо нафар аз сокинону донишҷӯёни пойтахт саривақт ба дарс ва ё коргоҳ нарасида, ҳудуди ду соат дар роҳҳо банд монданд.

Чун маъмул сафари президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ҳам мисли омадани дигар меҳмонони воломақоми хориҷӣ ба Тоҷикистон, саргардониҳои сокинонро бештар кард. Онҳо мегӯянд, дар пайи ин роҳбандиҳо сари вақт натавонистанд ба ҷои кори худ бирасанд.

Чанд тан аз сокинони дигар ҳам, ки дар корхонаҳои давлативу ширкатҳои хориҷиву фаъолият доштанд, дар як сӯҳбати сарироҳӣ бо радиои "Озодӣ" норозигӣ баён карда, гуфтанд, эҳтимолан дар пайи ин "пробка" ва роҳбандиҳо, дар коргоҳашон барои ин «дермонӣ» баёнот нависанд.

Акбаралӣ, як сокини шаҳри Душанбе, ки ба гуфтаи худаш аз маҳаллаи 91 то коргоҳаш дар назди СИЗО-и Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе пиёда мерафт, гуфт: «Аз маҳаллаи 91 дар маршрутка шиштам, овард дар Караболо фаровард, аз ҳамонҷо то Фурӯшгоҳи марказӣ СУМ пиёда омадам. Акнун то назди СИЗО мерасам, ки боз як соати дигар мегузарад. Хайр чӣ кор кунем дигар. Меҳмон меояд гуфта, мардум дар роҳ саргардон.»

Аз соати 7-30 то 9-15, ки дар хиёбоҳои Душанбе будам, аксари мардуми деркарда ба кору дарс бо шитоб мерафтанд ва гӯё дар Душанбе маросими муҳиме буд, ки тамоми роҳҳо баставу сокинон туда-туда пиёда роҳ мерафтанд.

Аминҷон Муминов, хонандаи мактаби рақами 9 воқеъ дар наздикии чойхонаи "Роҳат" дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки соати 07-20 дақиқаи субҳ аз хона баромада, ҳоло соат 09-00 шудаву ӯ ба дарс ҳозир нашудааст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, соати якуми дарси тамом шуда, то расиданаш ба мактаб соати дуюми дарсӣ аз нисф мегузарад.

Бо вуҷуди он, ки роҳбандон дар Душанбе рӯзмарра аст, аммо омадани меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ин мушкилро бештар кардааст ва дар назар аст то ду рӯзи дигар сокинон аз имкони рафтуомади озод дар роҳҳои асосии пойтахт маҳрум шаванд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG