Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи "Барқи тоҷик" назди "Сангтӯда-1" 9 млн сомонӣ изофа шуд


Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мегӯяд, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» аз ин нерӯгоҳ ҳамчунон дар ҳоли афзоиш буда, тайи як моҳи ахир беш аз 9 миллион сомонӣ изофа шудааст. Дафтари матбуоти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» рӯзи 5 май ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки тайи як моҳи ахир мизони қарзи «Барқи тоҷик» дар назди ин нерӯгоҳ афзоиш ёфта, аз 3 апрел то имрӯз ба 418,17 миллион сомонӣ расидааст. Дар авоили моҳи апрел ҳаҷми қарзи «Барқи тоҷик» 409 миллиону 65 ҳазор сомониро дар бар мегирифт, ки дар моҳи март ин нишондод ба 386 миллион сомонӣ баробар буд. Қарзи «Барқи тоҷик» ҳамчун харидори ягонаи барқи «Сангтӯда-1» то 1-уми октябри соли 2013 ба 386,63 миллион сомонӣ ё муодили 81,4 миллион доллар баробар буд. Дар моҳҳои баъдӣ дар натиҷаи фишори Маскав ва музокироти тарафайн, "Барқи тоҷик" як муддат қарзаш дар назди ин нирӯгоҳро, ки 75 дарсади саҳмияҳояш аз Русия аст, кам кард. Вале инак масъулони нерӯгоҳ аз дигарбора рӯ ба афзоиш овардани ҳаҷми қарзҳои "Барқи тоҷик" хабар медиҳанд. Аммо масъулони ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд, яке аз сабабҳои бузург шудани қарзи ин ширкат дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ин аст, ки «Барқи тоҷик» аз ин нерӯгоҳ барқро бо нархи гарон харида, онро бо нархи арзонтар ба аҳолӣ мефурӯшад. Вале ин дар ҳолест ки "Барқи тоҷик" дархости нирӯгоҳи Русия ҷиҳати мустақилона ба Афғонистон фурӯхтани барқашро чандин бор рад кардааст.
XS
SM
MD
LG