Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Яман 37 тан аз мусаллаҳони "Ал-Қоида" кушта шуданд


Дар вилояти Шабво, воқеъ дар ҷануби Яман, рӯзи якшанбе, дар набардҳо бо нерӯҳои ҳукуматӣ 37 тан аз аъзои “Ал-қоида” кушта шуданд. Ба иттилои вазорати дифоъи кишвар, даргирӣ дар мавзеъи Майфо дар шашумин рӯзи амалиёт алайҳи мусаллаҳони “Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб” сурат гирифт.

Хабаргузории давлатии Сабо навиштааст, ки бештари кушташудагон шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, аз Арабистони Саъудӣ, Афғонистон, Сомалӣ ва Чеченистонанд.
XS
SM
MD
LG