Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустаборҳои дар Одесса дастгиршуда раҳо карда шуданд


Масъулини раёсати милисаи шаҳри Одессаи Русия талаби ҷонибдорони федерализатсия барои раҳоии фаъолони рустаборро иҷро карданд. Ба иттилои вазорати умури дохилии Украина, 67 нафари бар асари ҳаводиси фоҷиабори рӯзи 2 май дастгиршуда боздоштгоҳро тарк намуданд.

Рӯзи якшанбе садҳо тан аз ҷонибдорони Русия ба бинои пулис дар шаҳри Одесса ҳамла кардаанд. Онҳо ""Одесса-шаҳри русист" ва "Нест бод хунта!" шиор мезаданд. Эътирозгарон дарвозаву тирезаҳоро шикаста, бархе аз биноҳои раёсатро ишғол карданд. Ба навиштаи хабаргузории УНИАН, ҳангоми вуруди рустаборҳо ба бино як хабарнигор маҷрӯҳ шуд.

Рӯзи 2 май дар задухӯрдҳо байни ҷудоиталабони рустабор ва тарафдорони Украинаи воҳид дар маркази Одесса беш аз 40 нафар кушта шуданд
XS
SM
MD
LG