Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯрезии купрук дар Чин боиси марги 11 нафар шуд


Бар асари фурӯрезии купруки дар ҳоли бунёд дар Чин дасти кам 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Расонаҳои давлатии Чин рӯзи якшанбе, 4 май хабар доданд, ки дар ин ҳодиса чанд каси дигар ҷароҳат бардоштааст. Наҷотбахшон 26 нафар, асосан, коргаронро аз зери оворҳои курпруки сангин берун кашиданд. Купрук дар деҳаи Ланкангкоу дар вилояти Гуандун бидуни ризояти мардум бунёд мешуд – онҳо чандин бор хостори қатъи сохтмон шуда буданд.

Сабабҳои ҳодиса таҳқиқ мешаванд. Се нафар аз тарроҳон ва масъулони бунёди купрук боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG