Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ ва Лавров авзоъ дар Украинаро баррасӣ карданд


Вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ ва ҳамтои русаш Сергей Лавров рӯзи шанбе телефонӣ ташдиди авзоъ дар Украинаро баррасӣ карданд. Керрӣ аз раҳоии нозирони низомии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки гаравгони ҷудоихоҳон дар шаҳри Славянск буданд, истиқбол кард ва гуфт, ки Маскав бояд ба пуштибонии ҷудоихоҳон дар шарқи Украина хотима гузорад.

Сергей Лавров, дар навбати худ, гуфт, ки Вошингтон бо истифода аз нуфузаш бояд Киевро барои қатъи амалиёти низомӣ алайҳи ҷонибдорони федерализатсияи Украина мутмаин созад.

Аз ин пеш Шӯрои Аврупо хабари раҳоии нозирони низомии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз дасти ҷудоихоҳони шаҳри Славянски Украинаро тасдиқ кард. Даниэл Ҳолтген, сухангӯи Дабири кулли Шӯрои Аврупо, рӯзи шанбе, 3 май, гуфт, ки дар як постгоҳҳои канори шаҳри Славянск нозирони боздоштшуда ба котиби Шӯрои Аврупо Турбиерн Ягланд ва фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Русия Владимир Лукин супурда шуданд. Қарор аст, ки нозирон рӯзи якшанбе аз Донетск ба ватани худ баргарданд.

Нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз Лаҳистон, Ҷумҳурии Чех, Олмон, Дания ва Шведсия ҳафте пеш дар як постгоҳи канори шаҳри Славянск бо гумони ҷосусӣ аз сӯи ҷудоихоҳони тарафдори Русия ба гарав гирифта шуданд. Яке аз онҳо – афсари шведӣ Ингви Томас Йохансон, ки ба маризии қанд мутбало буд, зуд раҳо карда шуд.

Денис Пушилин, раҳбари худхондаи ҷудоихоҳон дар шаҳри Донетск гуфта буд, ки гаравгон ҷосусҳои НАТО мебошанд ва бо “зиндониёни мо раддубадал мешаванд”. Аммо дар бораи сурат гирифтани муомилае дар ҳалли ин қазия хабар дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG