Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аваков: Бинои Хадамоти амният дар Краматорск озод карда шуд


Вазорати умури дохилии Украина рӯзи шанбе, 3 май, хабар дод, ки бинои Хадамоти амнияти кишвар дар шаҳри Краматорск дубора таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматӣ қарор гирифт. Аз ин пештар, ба иттилои вазорат, нерӯҳои амниятӣ ва артиш фурудгоҳ ва манораи телевизиони Краматорск ҳам аз дасти ҷудоихоҳони рустабор озод карданд. Краматорск дар ҷануби шаҳри Славянск, такягоҳи асосии ҷудоихоҳон дар ҷанубу шарқи Украина, ҷойгир шудааст.

Арсен Аваков, вазири умури дохилии Украина, хабар дод, ки амалиёти низомӣ алайҳи ҷудоихоҳон субҳи рӯзи шанбе аз сар гирифта шуд.

Шӯрои Аврупо хабари раҳоии нозирони низомии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз дасти ҷудоихоҳони шаҳри Славянски Украинаро тасдиқ кард. Даниэл Ҳолтген, сухангӯи Дабири кулли Шӯрои Аврупо, рӯзи шанбе, 3 май, гуфт, ки дар як постгоҳҳои канори шаҳри Славянск нозирони боздоштшуда ба котиби Шӯрои Аврупо Турбиерн Ягланд ва фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Русия Владимир Лукин супурда шуданд.

Нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз лаҳистон, Ҷумҳурии Чех, Олмон, Дания ва Шведсия як ҳафта пеш дар яке аз постгоҳҳои канори шаҳри Славянск бо гумони ҷосусӣ аз сӯи ҷудоихоҳони тарафдори Русия ба гарав гирифта шуданд. Яке аз онҳо – афсари шведӣ Ингви Томас Йохансон, ки ба маризии қанд мутбало буд, зуд раҳо карда шуд.

Бар пояи иттилои ахиран расида, нозирон ҳоло дар шаҳри Донетсканд ва ба зудӣ ба ватани худ бармегарданд.
XS
SM
MD
LG