Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИмрӯзNews ба Рустам Ҳукумов ҷуброни маънавӣ пардохт


Нашрияи ИмрӯзNews, ки дар баҳс бо писари раҳбари вақти Идораи роҳи оҳан аз сӯи додгоҳ ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ муваззаф шуда буд, як бахши ин маблағро пардохт кардааст.

Рустами Ҷонӣ, муассиси нашрияи “ИмрӯзNews” рӯзи 3 май гуфт, онҳо аллакай ба пардохт кардани ҷарима шурӯъ карданд ва дар як навбат беш аз 10 ҳазор сомонӣ пардохт намуданд. Оқои Ҷонӣ дар идома гуфт, ки тобеи қонун ҳастанд ва маблағро пардохт хоҳанд кард.

Муассиси нашрияи ИмрӯзNews афзуд, вай мӯътақид аст, ки ҳукми додгоҳ ноодилона буд, вале онҳо тобеи қонун буда ва онро иҷро мекунанд:"Бо вуҷуди он, ки мо ба қарори суд розӣ нестем, аммо иҷро намудани қонун талаботи ҳатмӣ аст."

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 25-уми феврали соли 2013 пушти дарҳои баста бо ҳукмаш нашрияи “Имрӯз Нюс”-ро муваззаф карда буд, ки ба Рустам Ҳукумов 50 000 сомонӣ, муодили беш аз 10 000 доллар, ҷуброни маънавӣ пардохт кунад. Аммо масъулони нашрияи “Имрӯз Нюс” он замон ин ҳукми додгоҳро ноодилона хонда, ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят бурданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 10 июни соли гузашта шикояти нашрияи “Имрӯз Нюс”-ро радд карда, ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавриди ин баҳси додгоҳиро ба қувваи худ боқӣ гузошт.
Нусрати Назир
Нусрати Назир
Баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов бо нашрияи «ИмрӯзNews» сари мақолаи Назири Нусрат бо номи «Боқиев ва Ҳукумов: писароне, ки «дарди сар»-и падар шуданд» аст, ки рӯзи 16 октябри соли 2012 чоп шудааст. Дар ин матлаб дар баробари баррасии қазияи боздошти Максим Боқиев, писари Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон дар Бритониё, ки ба қавли рӯзноманигор, ҳамчун як фишори сиёсӣ алайҳи Бишкек истифода шудааст, гуфта мешуд, ки аз қазияи Рустам Ҳукумов, писари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, сарвари вақти ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ва аз афроди пурнуфузи ин кишвар низ чун фишори сиёсӣ алайҳи Душанбе истифода шуда буд.

Рустам Ҳукумов аммо бо ин даъво, ки дар матлаби "Имрӯз Нюс" эътибори ӯро паст задаву дар ҳаққаш туҳмат кардаанд, ба додгоҳ шикоят бурд ва аз нашрия ҷуброи маънавӣ талаб кард. Рустам Ҳукумов дар соли 2008 дар Русия бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда, номи ӯ дар соли 2011, дар рӯзҳои боздошти ду халабони рус дар Тоҷикистон вирди забони матбуот шуд. Ҳукумов моҳи декабри соли 2011, як моҳ баъд аз раҳоии он ду халабон, аз маҳбас дар Русия раҳо ёфт ва ба Душанбе баргашт.

“Имрӯз Нюс” дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон танҳо нашрияест, ки ҳафтае 5 маротиба нашр мешавад. Аксарияти кулли расонаҳои чопӣ дар Тоҷикистон ҳафтае танҳо як маротиба чоп мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG