Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Комӣ аз афзоиши муҷоҳидини амрикоӣ дар Сурия


Ҷеймс Комӣ
Ҷеймс Комӣ
Ҷеймс Комӣ, раиси Бюрои федеролии тафтишоти ИМА, аз афзоиши теъдоди амрикоиҳо ва, ба вижа, аврупоиҳое, ки дар Сурия аз тарафи мухолифини ифротии режими Башор Асад меҷанганд, изҳори нигаронӣ кард. Ӯ рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Вошингтон шумораи ин муҷоҳидонро“ҳазорон нафар” хонд ва афзуд, ки теъдоди бузурги онҳо бо шабакаи “Ал-Қоида” робита доранд.

Ҷейм Комӣ гуфт, хадамоти вижаи ғарбӣ аз он нигаронанд, ки ин муҷоҳидон дар Сурия “техникаи террор”-ро омӯхта, баъдан метавонанд онҳоро дар кишварҳои худ амалӣ кунанд ва ҳамлаҳоеро чун ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 ба роҳ монанд.

Ӯ аз эълони теъдоди аниқи амрикоиҳое, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро дар Сурия пайвастаанд, сарпечӣ кард ва аммо гуфт, бархе аз онҳо ба ҷалби ҳамватанҳои худ барои ҷанг алайҳи режими Димишқ машғуланд.
XS
SM
MD
LG