Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони боздоштшудаи САҲА Славянскро тарк карданд


Ҳамаи нозирони низомии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар канори шаҳри Славянски Украина бо гумони ҷосусӣ боздошт шуда буданд, рӯзи шанбе, 3 май, раҳо карда шуданд. Дар ин бора Владимир Лукин, фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Русия, ба хабаргузорҳои русӣ иттилоъ дод. “Ҳамаи 12 нафареро, ки дар рӯйхат буданд, озод карданд”, гуфтааст Владимир Лукин.

Як ҳафта пеш нозирони САҲА аз Лаҳистон, Ҷумҳурии Чех, Олмон, Дания ва Шведсия дар яке аз постгоҳҳои канори шаҳри Славянск аз сӯи ҷудоихоҳони тарафдори Русия ба гарав гирифта шуданд. Яке аз онҳо – афсари шведӣ, ки ба маризии қанд мутбало буд, зуд раҳо карда шуда буд.

Денис Пушилин, раҳбари худхондаи ҷудоихоҳон дар шаҳри Донетск гуфта буд, ки гаравгонҳо ҷосусҳои НАТО мебошанд ва бо “зиндониёни мо раддубадал мешаванд”. Аммо дар бораи сурат гирифтани муомилае дар ҳалли ин қазия хабар дода нашудааст.

Охири моҳи гузашта вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ аз ҳамтои русаш Сергей Лавров хост, ки барои раҳоии нозирони гаравгон мусоидат кунад. Лавров дар навбати худ гуфт, ки Маскав хостори раҳоии нозирони низомии САҲА хоҳад шуд, аммо дар ин бора бояд худи раҳбарони федерализатсия дар Украина тасмим бигиранд.
XS
SM
MD
LG