Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонсӣ: "Тӯҳфаи аз 400 сомонӣ бештар ришва аст"


Агар шахсе ба дӯст ё шиноси мансабдораш дар тӯю маъракае тӯҳфаи баробар бо 401 сомонӣ тақдим кунад, мумкин аст, ба додани ришва айбдор шавад.

Ба мансабдорони давлатӣ ҳадяҳои гуногун тақдим мешаванд. Аз корду ханҷари дастааш хотамкорӣ то калиди мошини сабукрав ё ҳавлии қасрмонанд. Вақте тӯҳфа хеле гаронбаҳост, бисёриҳо ба мақсади тӯҳфадиҳанда шубҳа мекунанд, аммо то ҳол меъёре муайян нашуда буд, ки кадом ҳадя метавонад ришва шумурда шавад.

Дар тарҳе, ки Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон омода кардааст ва қарор аст, тибқи он қонунҳои кишвар тағйир дода шаванд, ҳар ҳадяе, ки арзишаш аз 400 сомонӣ болотар аст, пора шумурда шудааст.

Бахтиёр Юсуфов, роҳбари Раёсати пешгирии фасод дар Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ин тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ба инобат гирифта шудаанд ва дар асоси он лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Тоҷикистон низ таҳия шудааст. Вай гуфт:
«Дар лоиҳаи ин тағйиру иловаҳо мо ҳам масъалаи талаб ва ваъдаи пора, инчунин ҳаҷми подош барои шахси мансабдорро низ муқаррар кардем. Тибқи лоиҳаи тағйирот, ҳаҷми подош даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайня карда шудааст. Агар подош ва ё тӯҳфа аз ин бештар бошад, он чун пора ҳисоб карда мешавад.»

Ҷаноби Юсуфов афзуд, ҳоло як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 40 сомонӣ муқаррар шудааст ва мувофиқи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳадди аксари арзиши тӯҳфа 400 сомониро ташкил мекунад. Зимнан, ба таъкиди Юсуфов ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо сари чанд вақт бо назардошти афзоиши таваррум бозбинӣ мешавад ва мутаносибан арзиши ниҳоии туҳфа низ мувофиқи он боло хоҳад рафт. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, лоиҳаи ин тағйиру иловаҳо дар вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ мешавад ва дар сурати такмил шуданаш ба ҳукумат пешниҳод карда хоҳад шуд.

Зимнан Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ин тағйирҳоро дар заминаи тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд таҳия кардааст. Ин ниҳоди байнулмилалӣ дар ду соли охир ба Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон тавсия дод, ки дар қатори додан ва гирифтани пора ҳамчунин талаб ва ё дархости он ҳам ҷиноят шумурда шавад. Ин яке аз 17 тавсияҳои ин созмон ба Оҷонсии мубориза бо коррупсия аст ва дар идомаи ин тавсия ҳамчунин омдаааст, ки Тоҷикистон бояд ҳамчунин ҳаҷми тӯҳфа ба афроди мансабдорро низ муайян кунад.

Абдураҳмон Ватанов, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки ҳоло бознишастааст, мегӯяд, қонун «Дар бораи хизматчии давлатӣ» тарз ва меъёри тӯҳфа кардан ба шахси мансабдорро муайян кардааст. Вай мегӯяд, аз ҷумла он тӯҳфаҳое, ки ба унвонии президент аз хориҷа ворид мешавад, бояд ба қайд гирифта шуда, ҳамчунин моликияти ҳукумати кишвар шинохта шаванд.

Ҷаноби Ватанов мегӯяд: «Коррупсия воқеан як зуҳуроти серпаҳлӯ аст. Бинобар ин, ман ворид кардани бандҳои алоҳида ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро дар мавриди коррупсияро зарур намешуморам. Чунки агар мо ҳамаи зуҳуротҳои ин падидаро ба кодекс ворид кунем, дар он ҷой намемонад. Ҳамон муқаррароте, ки ҳоло дар кодекси ҷиноӣ ҳастанд, барои мубориза бо коррупсия кифоя ҳастанд».
Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, мушкили Тоҷикистон дар он аст, ки ворид намудани ҳамагуна тағйиру иловаҳо ба қонун вазъро дигар намекунанд. Вай мегӯяд: «Боз даҳҳо тағйирро ба қонунҳо ворид кардан мумкин. Аммо чун усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ вуҷуд надорад, шохаҳои ҳокимият аз ҷумла суд мустақил нест, назорати парлумони вуҷуд надорад, инчунин набуди иродаи қавии сиёсӣ пеши роҳи коррупсияро гирифта наметавонад.»

Ҳакимов мегӯяд, вай ба тозагӣ аз як сафар дар музофотҳои шимоли Тоҷикистон баргашта дар он ҷо шоҳиди фасоди густарда ва бесобиқае шудааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло оддитарин масъаларо дар ҳокимиятҳои маҳаллӣ бидуни додани пора намешавад ҳал кард.

Ҷаноби Ҳакимов афзуд, чун дар Тоҷикистон падидаи маҳалгароӣ дар сисёати кадрӣ ва хешу таборбозӣ мушоҳида мешавад, ришватхорӣ дар кишвар густариши боз ҳам бештар пайдо карда, мубориза бо коррупсия ба маротиб мушкилтар шудааст.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG