Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба тазоҳуроти эътирозӣ дар Бишкек


Созмонҳои ғайридавлатии Қирғизистон ба нақша гирифтаанд, ки бар зидди пайвастани кишварашон ба Иттиҳодияи Гумрукӣ бо Русия тазоҳуроти эътирозӣ анҷом хоҳанд дод. Дар ин бора Ҷунбиши зидди Иттиҳодияи Гумрукӣ ва намояндагони эътилофи ҳизбҳои Ислоҳот ва Демократӣ 2 май дар Бишкек ба рӯзноманигорон хабар доданд. Онҳо ин тазоҳуротро барои 5 май ба нақша гирифтанд.

Онҳо мегӯянд, ки Қирғизистон бо пайвастан ба ин иттиҳодия истиқлоли худро аз даст медиҳад. Ҷоомарт Оторбоев-нахуствазири Қирғизистон 30 апрел дар Маскав гуфт, ки Харитаи роҳ барои пайвастани Қирғизистон ба ин иттиҳодия амалан омода шудааст ва ба зудӣ онро кишварҳои узв, яъне Русияву Қазоқистон ва Беларус ба тасвиб мерсонанд.

Маскав талош дорад, кишварҳои Шӯравии пешинро бештар ба ин иттиҳодия ҷалб кунад ва мегӯяд, ки то соли 2015 Иттиҳодияи Гумрукӣ ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё табдил хоҳад ёфт, ки мисли Иттиҳодияи Аврупо хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG