Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи гурӯҳи муттаҳам ба узвият дар “Ансоруллоҳ”


Додгоҳи вилояти Суғд бозбини парвандаи 6 сокини Истаравшанро бо иттиҳоми фаъолият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва яке барои хабар надодан аз фаъолияти ин гурӯҳро рӯзи душанбеи 12 май аз сар мегирад. Ин 7 нафар ҷавонони 20-25 соларо додситонии вилояти Суғд моҳи январи соли равон дастгир намуда, алайҳи 6 нафари онҳо тибқи 5 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла “таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ”, “даъвати оммавӣ барои барҳам задани сохтори қонунии Тоҷикистон” ва яке барои хабар надодан айбдор мешаванд. Як манбаи наздик ба тафтиши ин парванда аз додситонӣ гуфт, ин афрод ба таври ихтиёрӣ ба “Ҷамоати Ансоруллоҳ” шомил гашта, барномаҳои тундгароёнаи ин созмонро дар байни аҳолӣ тарғиб мекарданд. Зимнан, аз соли гузаштаи 2013 ба ин сӯ дар шимоли Тоҷикистон 18 узви “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва барои бори аввал 3 узви созмони “Ҷундуллоҳ” зиндонӣ шуда, инак, парвандаи 7 нафари дигар дар дасти додгоҳ қарор дорад.

Вале Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои 2 нафар айбдоршуда аз ин гурӯҳ-- Умед Латифов ва Ҷамшед мегӯяд, ин ҷавонон дар бозори маҳаллӣ умдатан ба тиҷорат машғул буданд ва мансубияти худ ба “Ансоруллоҳ” ё кадом созмони ғайриқонунии дигарро радд мекунанд. Вай афзуд, ин ду зерҳимояи вай дар додгоҳ гуфтанд, ки онҳо баъди боздошт зери фишори мақомоти тафтишот ночор айби фаъолият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” – ро ба гардан гирифтанд, аммо ҳангоми тафтиши парванда аз он даст кашиданд.

Бозбинии парвандаи ин гурӯҳи 7 нафарӣ аввали ҳафтаи равон дар толори боздоштгоҳи муваққат (СИЗО)-и рақами 2 –и Хуҷанд паси дарҳои баста оғоз ёфта, то ҳол айбдоршавандаҳо аз ҷониби додрас пурсида шудаанд. Ва аз рӯзи душанбеи 12-уми апрел пурсиши шоҳидон оғоз мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Насруллоев, аз ин 7 айбдоршаванда чандин вакилони дифоъ ҳимоят мекунанд
XS
SM
MD
LG