Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лимити барқрасонӣ лағв шуд


Ширкати "Барқи тоҷик" бо фаро расии гармо ба таври расмӣ пурра лағв карда шудани лимити барқ дар сартосари кишварро мужда дод. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» рӯзи 2 май бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки бо назардошти гарм омадани ҳаво дар сартосари кишвар, 24 соат барқ бидни маҳдудият дода мешавад. Вай гуфт, ширкати «Барқи тоҷик» 12 апрел бо пахши як иттилоия зикр карда буд, ки лимити барқ бо назардошти вазъи ҳаво муваққатан бардошта шуд, аммо агар сардӣ пеш меомад, дубора маҳдудият ҷорӣ карда мешуд: «Тайи ним моҳи ахир бо вуҷуди боронгариҳо ҳаво гарм буд ва обшавии пиряхҳо идома дошт, аз ин рӯ дигар пурра лимити барқ бардошта шудааст ва бо низоми пешин пурра ба сокинон барқ дода мешавад.»

Бар асари сардии ҳаво дар соли равон лимти барқ дар қиёс бо соли гузашта хеле дер бекор карда шуд. Дар соли гузашта маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз рӯзи 7 март, дар арафаи иди модарон барҳам дода шуда буд.
XS
SM
MD
LG