Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз боронҳо дар Афғонистон 5 нафар ҷон бохтанд


Мақомоти маҳаллии Афғонистон мегӯянд, ки дар натиҷаи ҷорӣ шудани селоб дар минтақаҳои шимолии Афғонистон 5 нафар ба ҳалокат расидаанд.

4 нафари онҳо сокинони вилояти Самангон будаанд, ки шоми 1 май қурбони селоб шудаанд. Як нафари дигар дар вилотяи ҳаммарзи Бағлон ҷон бохтааст.

Хайруллоҳ Ануш-волии Самангон гуфт, садҳо оила хонаҳои худро тарк кардаанд ва аз тарси солеб ба баландиҳо фирор кардаанд. Дар ҳар ду вилоят даҳҳо хона зери сел мондаанд. Роҳҳову мазореъ осеб дидаанд.

Моҳи гузашта дар натиҷаи боронҳои шадид ва ҷорӣ шудани селоб дар шимоли ғарби Афғонистон бештар аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG