Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китоби Мӯъмин Қаноат дар Волгоград чоп шуд


Дар остонаи ҷашни Ғалаба китоби Мӯъмин Қаноат "Суруши Сталинград" ба муносибати 70-солагии пирузӣ дар муҳорибаи Сталинград ба забони русӣ дар шаҳри Волгоград ба нашр расидааст. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба радиои Озодӣ хабар дод. Сафорат мегӯяд, нусхаҳое аз ин китоб ба сафорат расидаанд.

Баргардони достони “Суруши Сталинград” аз забони тоҷикӣ ба забони русӣ ба шоир Роберт Рождественский тааллуқ дорад. Мураттиби китоб Олга Безбородова-раиси маркази байналмиллалии кӯдакону наврасони шаҳри Волгоград мебошад.

Мӯъмин Қаноат бо достони “Суруши Сталинград” дар шаҳри Волгоград хеле маъруф аст ва дар давоми даҳсолаҳо ҷавонони ин шаҳр пораҳои ин достонро дар озмунҳо қироат мекунанд. Ин достон яке аз асарҳои беҳтарин дар бораи ҷоннисории мардуми ин шаҳри канори Волга дар солҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG