Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Амрико дар Тошканд сафири Қазоқистон мешавад


Ҷорҷ Крол
Ҷорҷ Крол
Барак Обама, раиси ҷумҳури ИМА сафири ин кишвар дар Ӯзбакистон - Ҷорҷ Кролро намояндаи худ дар Қазоқистон таъйин кард. Крол дар мақоми сафири ИМА дар Қазоқистон Кеннет Фейрфаксро иваз хоҳад кард, ки мӯҳлати салоҳияташ моҳи октябр ба поён расида буд.

Крол ба забони русӣ сӯҳбат мекунад ва аз соли 2011 сафири Амрико дар Узбакистон буд. Қабл аз он аз соли 2003 то соли 2006 сафири Амрико дар Беларус буд.

Номзадии Кролро дар ин мақом бояд Сенати Амрико ба тасвиб расонад. То ҳол ба ҷои Крол касе сафири Амрико дар Узбакистон муаррифӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG