Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: Русия на тарафи ҳамкор, балки душман аст


Александр Вершбоу
Александр Вершбоу
Александр Вершбоу-муовини Дабири Кулли паймони НАТО изҳор дошт, ки НАТО маҷбур аст Русияро чун душмани худ баррасӣ кунад. Вершбоу ин нуктаро дар сӯҳбат бо гурӯҳи хабарнигорон дар Вашингтон изҳор дошт.

Вай гуфт: “Комилан рӯшан аст, ки Русия НАТО-ро душмани худ эълон кардааст ва мо ҳам онро на ҳамчун тарафи ҳамкор, балки ҳамчун душмани худ баррасӣ кунем”.

Вершбоу шаҳрванди Амрикост ва аз соли 2001 то соли 2005 сафири Амрико дар Русия буд. Вай гуфт, пайвастани Қрим ба Русия муносиботи Русия ва НАТО-ро комилан тағир дод.

Вершбоу гуфт, “Мо ҳамчунон аз истиқлолу озодии интихоби кишварҳои ҳамсояи Русия дифоъ хоҳад кард, зеро Русия талош дорад, ки тасаллути худро дар минтақа барқарор ва истиқлоли ин кишварҳоро ба баҳонаи “ҳимоят аз русзабонҳо” маҳдуд кунад.
XS
SM
MD
LG