Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба мардуми Ироқ шодбош гуфт


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз номи мардуми кишвараш мардуми Ироқро ба муносибати баргузории интихоботи порламонӣ табрик гуфт. Дар ин бора Кохи Сафед хабар додааст.

Обама гуфтааст, ки миллионҳо нафар аҳолии Ироқ аз ҳақи демократии худ барои ширкат дар райдиҳӣ истифода кардаанд. Бино ба гуфтаи раиси ҷумҳури Амрико, ширкати густардаи мардум дар интихобот ба тамоми ҷаҳониён нишон дод, ки ироқиҳо мехоҳанд ояндаи орому сулҳомези худро бо ширкати худ дар равандҳои сиёсӣ бисозанд.

Вай гуфт, баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот порламони нав дар иҷлоси худ таркиби кобинаи нави Ироқро баррасӣ хоҳад кард. Бидуни дарназардошти натиҷаҳои интихобот порламон бояд бо ташкили ҳукумати нав ба ваҳдати тамоми кишвар кӯмак кунад ва аз ин ҳукумат ҳамаи қишрҳои ҷомеаи Ироқ бояд ҷонибдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG