Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти нируҳои Украина дар шаҳри Славянск


Дар яке аз посгоҳҳои Славянск
Дар яке аз посгоҳҳои Славянск
Вазири дифои Украина таъйид кард, ки дар ҷараёни амалиёт ду чархболи онҳо дар шаҳри шарқии Славянск суқут дода шудааст ва халабонони онҳо кушта шудаанд.

Нируҳои Украина машғули амалиёти дубора ба контроли худ даровардани шаҳри Славянск мебошанд. Арсен Аваков-вазири корҳои дохилаи Украина мегӯяд, ҳадафи ин амалиёт “раҳоии асирон, халъи силоҳ, озод кардани биноҳои ҳукуматӣ ва барқарор кардани фаъолияти маъмулии ҳокимияти маҳаллӣ “ мебошад.

Аз моҳи гузашта то ҳол шаҳри Славянск дар ихтиёри нируҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия мебошад. Аваков дар сафҳаи Facebook-и худ таъйид кардааст, ки як халабони Украина кушта шудааст ва дигараш ҷароҳат бардоштааст.

Ба навиштаи Аваков, ҷудоихоҳон аз мушаки зидди ҳавоӣ ва оташи тӯпхонаву норинҷакҳо истифода кардаанд. Вай мегӯяд, ҳоло нируҳои Украина дар атрофи шаҳр 9 посгоҳро ба контроли худ даровардаанд.
XS
SM
MD
LG