Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҷудоихоҳон ба дафтари додситонӣ дар Донетск


Дафтари додситонии Донетск
Дафтари додситонии Донетск
Тақрибан 300 нафар ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия 1 май ба дафтари додситонии кулли Украина дар ин Донетск ҳамла бурданд. Ҷудоихоҳон ба сӯи кормандони пулис, ки ин биноро посбонӣ мекарданд, санг андохтаанд.

Пулис ба сӯи ҷудоихоҳон норинҷакҳои гӯшкаркунанда партоб кард ва аз гази ашковар истифода бурд. UNIAN-ожонси хабарии Украина пештар хабар дода буд, ки 1 май ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шаҳр раҳпаймоӣ анҷом додаанд ва дар даст парчамҳои Русияро доштаанд. Онҳо дар ҳар ҷо ҳангоми раҳпаймоӣ парчамҳои Украинаро пора кардаанд.
XS
SM
MD
LG