Дафтари матбуотии Кохи Кремли Маскав 1 май гузориш дод, ки Ангела Меркел-нахуствазири Олмон барои раҳоии нозирони САҲА аз Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия кӯмак хостааст. Ин гурӯҳи нозирон дар шарқи Украина гаравгон гирифта шуда буданд.
Кохи Кремл мегӯяд, дар ин сӯҳбати телефонӣ “Ангела Меркел хостааст, ки барои фароҳам овардани шароити раҳоии нозирони низомии кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмонро кӯмак кунад”. Дар хабар омадааст, ки “ҳар ду ҷониб аҳамияти миёнҷигарии САҲА дар саросари Украинаро ёдоварӣ кардаанд”.
Ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар Украина нозирони низомии САҲА-ро аз 25 апрел ба ин сӯ дар асорат нигоҳ медоранд. Яке аз 8 нафари асирон бо назардошти вазъи саломатиаш раҳо шудааст.
1 май Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия аз САҲА хост, ки дар музокироти миёни ҷудоихоҳон ва ҳукумати Киев миёнҷигарӣ кунад.