Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду дастаи шаҳри Мадрид дар финали Ҷоми қаҳрамонони Аврупо


Барои нахустин бор дар таърихи бозиҳои Ҷоми қаҳрамонони Аврупо, ду дастаи як шаҳр дар бозии ниҳоии ин сабқат, баробари ҳам қарор мегиранд.

Шаҳри Лисабон рӯзи 24-уми май мизбонии бозии финалии Ҷоми қаҳрамонони Аврупо хоҳад буд, ки дар он дастаҳои "Атлетико" ва "Реал" аз шаҳри Мадриди Испания бо ҳар рақобат хоҳанд кард.

Дастаи "Атлетико"-Мадрид шаби гузашта дар шаҳри Лондон меҳмони "Челсӣ" буд ва ин тими овозадори Англияро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод ва роҳии даври ниҳоии Ҷоми қаҳрамонони Аврупо шуд. Ин дастаи шаҳри Мадрид ҳафтаи гузашта дар майдони худ бозиро бо "Челсӣ" 0:0 мусовӣ карда буд.

Як шаб қабл аз ин, дастаи "Реал" дар сафар тими "Бавария"- Мюнхенро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод ва ба даври ниҳоии ин сабқат роҳ ёфта буд. "Реал" дар майдони худ низ бо ҳисоби 1:0 бар "Бавария" пирӯз шуда буд.

Бо вуҷуди он, ки бештари коршиносони риштаи футбол бо дарназардошти натиҷаҳои бозиҳои рафт, фурсати мизбонони даври баргашти бозиҳои ниманиҳоӣ, яъне "Челсӣ" ва Бавария"-ро барои пирӯзӣ бештар медонистанд, аммо ин ду тими шаҳри Мадрид тавонистанд дарвозаи ҳарифони худро голборон кунанд ва ҳарифони худро дар хонаашон шикаст диҳанд.

Ҳамин тариқ финали Лигаи қаҳрамонони Аврупо ба як дидори комилан испанияӣ табдил шуд ва ҷоми имсола ба шаҳри Мадрид хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG