Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Чин машқҳои муштарк баргузор мекунанд


Моҳи май Русия ва Чин дар обҳои баҳри Шарқии Чин машқҳои низомӣ анҷом хоҳанд дод. Вазорати дифои Чин рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки “Машқҳои муштараки обӣ-2014” дар соҳилҳои Шонгҳой анҷом хоҳад гирифт. Соли 2013 низ чунин машқҳо дар обҳои соҳилии Шарқи Дури Русия баргузор шуд.

Ин машқҳо дар марҳилаи ташдиди муносиботи миёни Чину Ҷопон баргузор мешавад. Ин ду кишвар барои ҷазираҳои Сенкаку, ки дар Чин онро Дао юй Дао мегӯянд, мухолифат доранд. Назорати идории ин ҷазираҳо дар ихтиёри Ҷопон аст.

Муносиботи миёни Чину Ҷопон баъд аз соли 2012 оғоз ёфт, аз замоне, ки Ҷопон ин ҷазираҳоро аз як молики хусусӣ харидорӣ кард.
XS
SM
MD
LG