Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав паради Якуми Май ташкил карданд


1 Май даҳҳо ҳазор нафар дар паради Маскав ширкат ҷустанд. Баъд аз фурӯпошии Шӯравии пешин бори аввал Иттиҳодияҳои Синфии мустақили Русия ё профсоюз дар Майдони Сурхи Маскав парад ташкил карданд.

Раҳбарии ин парадро Сергей Собянин-шаҳрдори Маскав бар ӯҳда дошт. Дар қисматҳои дигари Маскав низ парадҳои хурди ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ барпо шуд.

Ин парадҳо дар ҳоле барпо шуданд, ки байни Русияву Украина барои пайвастани Қрим ба Русия муносибот ташдид меёбад ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина биноҳои ҳукуматиро забт кардаанд.
XS
SM
MD
LG