Бино ба гузоришҳо, 1 май мақомоти интизомии Украина атташе ё фиристодаи низомии Русия дар Киевро ба эҳтимоли ҷосусӣ боздошт кардаанд ва дастур додаанд, ки ин дипломат Украинаро тарк кунад.
Интерфакс-Украина аз қавли мақомоти вазорати корҳои хориҷаи Украина гузориш дод, ки ин дипломат 30 апрел ҳангоми “фаъолияти ҷосусӣ” боздошт шудааст.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки фиристодаи низомии Русия дар сафорати ин кишвар дар Киев дар робита бо фаъолиятҳояш, ки бо корҳои дипломатиаш иртибот надорад, шахси номатлуб эълон шудааст.
Украина Русияро муттаҳам мекунад, ки дар паси ҷудоихоҳони Украина қарор дорад.