Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мукаммали муҳорибавии нируҳои Украина


Олександр Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурии Украина гуфт, ки артиши кишвараш ба ҳолати “омодагии мукаммали муҳорибавӣ” дароварда шудаанд. Ин дар ҳолест, ки ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия биноҳои ҳукуматиро дар шаҳрҳои шарқии ин кишвар забт кардаанд.

Турчинов дар ҷаласаи кобина дар Киев гуфт, “хатари оғози ҷанги Русия бар зидди Украина” воқеист ва афзуд, ки “нируҳои мо ба ҳолати мукаммали муҳорибавӣ дароварда шудаанд”.

30 апрел нируҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия дар шаҳраки Ҳорливка бинои шаҳрдорӣ ва дафтари пулисро забт карданд. Дар бораи талафот гузориш дода нашудааст. Ҷудоихоҳон дар даҳҳо шаҳру шаҳракҳои шарқи Украина биноҳои ҳукумаатиро ба тасарруфи худ даровардаанд.
XS
SM
MD
LG