Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгӯии пирӯзии нахуствазир дар интихобот


Дар ҳоле, ки орои райдиҳандагон дар интихоботи порламонии Ироқ шумурда мешавад, нахуствазир Нурӣ ал Моликӣ мегӯяд, вай “бовар дорад”, ки дар ин интихобот пирузӣ ба даст меорад. Баъд аз хуруҷи нируҳои Амрико дар се соли пеш бори аввал 30 апрел дар Ироқ интихоботи порламонӣ баргузор шуд.

Гурӯҳҳои тундрав мегуфтанд, ки интихоботро ба ҳам мезананд, вале тақрибан 60 дарсади райдиҳандагон дар интихобот ширкат карданд. Дар интихобот аз 277 гурӯҳи сиёсӣ 9 ҳазор номзад барои 328 курсӣ дар порламон мубориза карданд.

Нурӣ ал Моликӣ раҳбарии Ҳизби Исломиии Даворо бар уҳда дорад ва ин ҳизб асосан аз пайравони шиа иборат аст. Моликӣ мегӯяд, вай бовар дорад, ки эътилофи зери раҳбарии вай бо номи Қонуни Давлат дар порламон аксариятро ба даст хоҳад овард ва фақат бояд мунтазир шуд, ки натиҷаҳои дақиқ чӣ тавр хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG