Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон 60 ҷангҷӯро куштанд


Раёсати амнияти миллии Афғонистон мегуяд, нерӯҳои амниятӣ бо ҳимояти ҳавопаймоҳои кишварҳои ғарбӣ дар ҷанг бо ситезаҷӯён дар марз бо Покистон 60 нафари онҳоро куштанд. Ин ниҳод бо нашри баёнияи расмӣ дар рӯзи 30-уми апрел гуфт, набард бо ҷангҷӯёни шабакаи Ҳаққонӣ баъд аз он шурӯъ шуд, ки ин тундравони исломӣ барои ишғоли постгоҳҳои нерӯҳои давлатӣ ба ноҳияи Зирук дар вилояти Пактико ҳамла карданд. Вазорати дифои Афғонистон дар ин ҷанг 5 сарбозаро талаф додааст ва шаш нафари дигари онҳо захм бардоштаанд. Як сарбози дигарро рабудаанд. Вилояти Пактико яке аз вилоятҳои ноамн дар марз бо Покистон аст ва шабакаи террористии Ҳаққонӣ ва Толибон дар ин вилоят фаъоланд.
XS
SM
MD
LG