Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳон бинои ҳукумати Ҳорливкаро гирифтанд


Дар шаҳри Ҳорливка воқеъ дар шарқи Украина ҷудоихоҳони тарафдори Русия бинои ҳукумат ва раёсати пулис ин шаҳрро ишғол карданд. Мақомоти расмии шаҳр, ки дар вилояти Донетск воқеъ аст, рӯзи 30-уми апрел гуфтанд, ки тақрибан 20 фарди низомипӯш дар воқеъ ҳарду биноро тасарруф карданд. Доир ба талафот дар ин ҳодиса гузорише нарасидааст. Ба гуфтаи як мақоми пулиси Ҳорливка, дар раёсати умури дохилии шаҳр аслиҳа нигаҳ дошта намешавад. Ошӯбгарони тарафдори Русия тайи чанд ҳафтаи ахир идораҳои ҳукуматӣ дар шаҳрҳои шарқии Украинаро тасарруф кардаанд, ва пешвоёни онҳо талаб доранд, бо баргузории раъйпурсӣ ба ин минтақа мухторият дошта шавад.
XS
SM
MD
LG