Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ интихоботи порлумонӣ идома дорад


Дар Ироқ раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ шурӯъ шуд ва қарор аст, соати шаш ба вақти Бағдод хотима ёбад. Барои ба даст овардани 328 курсии порлумони Ироқ бештар аз 9 ҳазор номзад ба мақоми вакилӣ аз 277 ҷиноҳи сиёсӣ рақобат мекунанд. Баъди тарки Ироқ кардани нерӯҳои амрикоӣ дар соли 2011 бори аввал аст, ки дар ин кишвар интихоботи порлумонӣ сурат мегирад. Интизор меравад, ки Ҳизби ҳокимияти қонуни Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, бештар аз нисфи курсиҳои порлумонро ба даст биёрад ва худи Маликӣ барои саввум ва барои чаҳор соли дигар нахуствазири Ироқ бимонад. Интихобот дар замоне сурат мегирад, ки ҳамлаву хунрезӣ дар ин кишвар афзоиш ёфтааст ва нерӯҳои давлатӣ бар зидди тундравон дар шаҳрҳои Рамодӣ ва Фалуҷа дар вилояти Анбор меҷанганд. Ба гуфтаи мақомоти интихоботии Ироқ, фақат дар 70 дар сади қаламрави вилояти Анбор имкони раъйдиҳӣ вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG