Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон ба бинои вилоят ҳамла бурданд


Бино ба гузоришҳои расида аз шаҳри Луҳанск-воқеъ дар шарқи Украина, як гурӯҳи 3 ҳазор нафарии ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар назди бинои вилоятӣ раҳпаймоӣ анҷом додаанд ва баъзе аз ширкаткунандагони раҳпаймоӣ ба дохили бино ҳамла бурдаанд.

Хабарнигорон гузориш додаанд, ки 29 апрел тақрибан 20 нафар ҷавонон пораҳои оҳан дар даст шишаи тирезаҳоро шикаста вориди бино, аз ҷумла вориди дафтари раиси вилоят шудаанд. Ҳамзамон гурӯҳҳои дигар дар беруни бино мунтазир мондаанд, то ҷавонон онҳоро низ ба дохили бино иҷоза диҳанд. Биноро пулис посбонӣ намекард.

Се ҳафта пеш шӯришиёни ҷонибдори Русия дар шаҳри Луҳанст бинои Хадамоти амнияти миллии маҳаллиро ба тасарруфи худ дароварда буданд. Аҳолии ин шаҳр 465 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG