Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи Этно-Ҷазз дар Душанбе баргузор мешавад


Чорумин ҷашнвораи байналмиллалии Этно-Ҷазз, ки дар ду сол як маротиба баргузор мешавад аз 15-то 18 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Дар ҷашнвораи имсола намояндагони кишварҳои Русия, Фаронса, Австрия, Олмон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон ширкат хоҳанд кард. Ба гуфтаи Амалхонум Гаҷиева, роҳбари маркази фарҳангии «Бохтар» ҷашнвораи Этно-Ҷазз «шароитеро барои мубодилаи фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ дар муттаҳидсозии санъаткорони тоҷик бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Аврупову Амрико фароҳам хоҳад овард». Масъулони ҷашнвора мегӯянд, имсола аз ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ як гурӯҳӣ даъват шудаанд, аммо аз кишвари Узбакситон ду гурӯҳи мусиқии ҷаз, ки гуфта мешавад ҳар ду гурӯҳ ҳам ҷавон аст, ширкат хоҳанд кард. Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора 8 гурӯҳи мусиқии ҷаз, аз ҷумла гурӯҳи «Авесто», «Мизроб» ва дигарон намояндагӣ хоҳанд кард. Масъулон ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвораро дар эмин нигоҳ доштан ва зинда кардани мероси гузаштаи мусиқии миллии ин кишварҳо унвон мекунанд. Дар назар аст ҷашнвораи Этно-Ҷазз-2014 бо таронаи «Бихандад лола бар саҳро»-и Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дар иҷрои сарояндаи тоҷик ифтитоҳ ёбад. Ташаббускорони ҷашнвораи мазкур мегӯянд, ки ба ин чорабинии фарҳангӣ ҳамчунин Григорий Дурново, масъули маҷаллаи «Ҷазз.ру», аз Маскав низ даъват шудааст. Ҷашнвораи Этно-Ҷазз бо дастгирии дафтари Шветсарӣ оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва ташаббуси маркази фарҳангии «Бохтар» ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Сатторов роҳандозӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG