Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳболро ба бемористони Вишневский бурдаанд


Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, Шаҳбол Мирзоев, сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар қисми низомӣ гарданаш шикастааст, рӯзи 28 апрел тавассути ҳавопаймо ба Маскав расид. Сухангӯи сафорат Ҳабибуллоҳ Каримов хабар дод, ки Шаҳбол Мирзоевро аз фурудгоҳи Домодедово бо мошини "Ёрии таъҷилӣ" барои идомаи табобат ба бемористони ба номи А.А. Вишневскийи вазорати мудофиаи Федератсияи Русия интиқол додаанд.
Шаҳбол Мирзоев моҳи март дар қисми низомии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бар асари бадрафтории ҳамхидматонаш маъюб шуд. Азбаски мақомоти Тоҷикистон табобати ӯро бар ӯҳда нагирифтанд, барои кумак ба ин сарбоз як ҳисоби бонкӣ таъсис доданд.
XS
SM
MD
LG