Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе масъалаҳои амниятиро баррасӣ мекунанд


Моҳи май дар шаҳри Душанбе ҳайатҳои кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи аксуламал бо тероризмро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо хабар додааст.

Жил де Кершов -ҳамоҳангсози Иттиҳодияи Аврупо дар мубориза бо терроризм рӯзҳои 24-25 апрел якҷо бо намояндагони хадамоти хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо аз Қазоқистон боздид карданд ва бо намояндагони Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Узбакистон масъалаҳои мубориза бо терроризмро баррасӣ намуданд.

Дар шаҳри Душанбе моҳи май ҳайатҳо тадобири мухшаххаси ҳимоят аз кишварҳои Осиёи Марказӣ роҷеъ ба пешгирӣ аз тундгароӣ, терроризм ва пешгирӣ аз таҳдидҳои амниятиро баррасӣ хоҳанд кард.

Жил де Кершов мегӯяд, баъд аз хуруҷи нируҳои эътилофи байналмиллалӣ аз Афғонистон имкон дорад кишварҳои Осиёи Марказӣ бо чолишҳои нави амниятӣ рӯ ба рӯ шаванд.
XS
SM
MD
LG